Дар доираи бозиҳои даври 1/8 ниҳоӣ Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар мунтахабҳои Фаронса ва Полша ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Тумама” доир шуда, бо натиҷаи 3:1 бар нафъи фаронсавиҳо хотима ёфт.
Дар дақиқаи 44-уми бозӣ Оливйе Жиру ҳисобро боз кард. Инчунин бо ин голи задааш Жиру аз рӯи голҳои задааш дар ҳайати тими мунтахаби Фаронса бо 52-гол ба ҷои аввал баромад. Аз рӯи ин нишондод Жиру аз Терри Анри (51-гол) пеш гузашт ва ҳоло беҳтарин нишонзани мунтахаби Фаронса ба ҳисоб меравад.
Дар нимаи дуюми бозӣ Килиан Мбаппе аниқтараш дар дақиқаи 74-ум голи дуюми Фаронсаро ба самар расонид. Мбаппе инчунин дар идома як голи дигар ба самар расонид, ва аввалин бозингар дар таърих гардид, ки то синни 24-солагӣ дар Чемпионати ҷаҳон ба задаи 9-гол даст ёфт. Бояд қайд намоем, ки ин нишондод дар Ҷоми ҷаҳонии футбол рекорд ба ҳисоб меравад.
Дар лаҳзаҳои охири ин рақобат бошад мунтахаби Полша имкони задани голро пайдо кард. Довари асосии вохӯрӣ Хесус Валенсуэла баъди бархӯрдани тӯб ба дасти Дайо Упамекано зарбаи 11-метра таъин кард ва дар натиҷа Роберт Левандовски гол зада, ҳисоби ниҳоии бозиро гузошт. Ин голи дуюми Левандовски дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ мунтахаби Фаронса бо шикаст додани Полша ба даври ¼ ниҳоӣ Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 роҳхат гирифт.
Дар бозии дигари даври 1/8 финали Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Қатар мунтахабҳои Англия ва Сенегал бо ҳам рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Байт” доир шуда, бо ҳисоби 3:0 ба суди англисҳо ба поён расид.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ аз ҳайати мунтахаби Англия Хендерсон, Кейн ва Сака ба самар расониданд.
Ҳамакнун дар даври ¼ финал рӯзӣ 10-уми декабр мунтахаби Англия бо Фаронса майдондорӣ мекунад.