Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифату маданияти мардум ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ, тибқи нақшаи чорабинии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар маркази шаҳри Ваҳдат намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти «Адиб» баргузор гардид.
Намоиш-фурӯши китоби нашриёти “Адиб”-и Вазорати фарҳанг дар саҳни Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат ташкил гардида, дар доираи он дари толори ин муассиса бо иштироки масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Аз ҷараёни ин намоишгоҳ Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ва намояндагони дигар ташкилоту идора, муассиса, кормандони соҳаи фарҳангу маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дидан намуда, барои худ китобҳои лоизамаро харидорӣ намуданд. Дар ҳамоише, ки дар Кохи маърифати шаҳр бо фаъолони шаҳри Ваҳдат дар доираи ин намоиши китобҳо баргузор шуд, масъулин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар самти фарҳангу маънавиёт ба иштирокдорон тавзеҳ доданд.
Зикр рафт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат, ҳар як фаъоли ҷомеа бояд бо масъулият амал намояд.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
