ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ “ДОНОЯКОН”, “ҶАҲОНДОНӢ АЗ ЗАБОНДОНИСТ” ВА “АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН” 

Имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар МТМУ №23 бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур, сарпарасти соҳа Заррина Зуҳурзода, мудири шуъбаи маориф Асомиддин Бобозода Маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” ва “Ахтаракони ҳисобдон” байни тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тавре аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар доданд,  даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” ва “Ахтаракони ҳисобдон” байни тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия  ҷиҳати ташкили фазои ягонаи таълимӣ барои муайян кардани кӯдакони синни томактабии дорои сатҳи баланди рушди зеҳнӣ дар доираи талаботҳои Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани кӯдакони синни томактабӣ ба таълим дар зинаи аввали таҳсилоти умумӣ ва ташаккули малакаҳои оддии фаъолияти таълимӣ дар кӯдакони синни томактабӣ дар азхудкунии барномаҳои фаннӣ зинаи аввали таҳсилоти миёнаи умумӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод ва фароҳам овардани шароит баҳри рушди истеъдоди онҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиён, қадрдонии меҳнати мураббиён ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа баргузор карда шуд.

Ба донишу маҳорати довталабон ҳайати ҳакамони босалоҳият, ки тибқи фармоишҳои дахлдори мудири шуъбаи маориф тасдиқ гардидааст, баҳогузорӣ карда, ғолибони даври ноҳиявиро муқаррар намуданд.

Дар умум, дар маросими тантанавии ҳавасмандгардонӣ 45 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист”, “Ахтаракони ҳисобдон”   бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, инчунин 11 нафар мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ки барои саҳмгузорӣ дар ташкилу баргузории даври ноҳиявии озмунҳо саҳмгузорӣ намуданд, бо сипосномаи шуъбаи маориф қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идома, ғолибони даври ноҳиявии озмуни иншои беҳтарин ва Мусобиқаи ҷумҳуриявии ҳарбӣ — варзишии «Ватанпарвар» бо медал, ҷом ва диплом қадрдонӣ гардиданд.

Баҳри болидарӯҳии дӯструякон-ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” ва “Ахтаракони ҳисобдон” барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Сураё Сироҷиддин

радиои “Тоҷикистон”