25 феврали соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом додааст.
Дар ин бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар дода, менависад, ки дар доираи сафари корӣ Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловск Денис Паслер мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Свердловски Федератсияи Россия дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.
Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ матраҳ гардид.
Дар баробари ин, дар рафти мулоқот Сафири Тоҷикистон ба роҳбарияти вилоят Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Холназар Ғоибро расман муаррифӣ намуд.
