Шоҳнома ва тамаддуни инсонӣ: баррасии паёми хирад, ҳуввият ва худшиносӣ дар ҳамоиши байналмиллалӣ

Имрӯз дар Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конфронси илмӣ амалии байналмиллалӣ таҳти унвони «Шоҳнома ва тамаддуни инсонӣ» баргузор гардид.

Дар он олимону донишмандони тоҷик,  меҳмонон аз Ҷумҳурии исломии Эрон, Миср, Ҳиндустон, Покистон  тариқи маҷозӣ дар мавзӯҳои паёми хирад ва огоҳӣ дар «Дебоча»-и  «Шоҳнома», мулоҳизаҳо перомуни тазҳеҳ ва таҳияи матни тозанашри «Шоҳнома» ва ҳуввият ва нақши занон дар таъини сарнавишт дар «Шоҳнома»- и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «суханронӣ намуданд.

Дар конференсияи илмӣ-амалии байналмиллалӣ гуфта шуд, ки китоби Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо мероси бузурги адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аст, балки ҳамчун василаи маънавӣ барои омӯзиши таърихи миллат, эҳсоси ифтихори миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон хизмат мекунад.

Омӯзиши ин асари бебаҳо метавонад барои наврасон ва донишҷӯён заминаи устувори тарбияи маънавӣ, худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ фароҳам орад.

Гулрӯ Ниёзова,

радиои «Тоҷикистон»