Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181589 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 57159 гектар, дар вилояти Хатлон 121694 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2689 гектар мебошад.
Тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 425000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.12.2022 ҳосили ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 413700 тонна буда, вилояти Хатлон 279297 тонна, вилояти Суғд 128522 тонна ва НТҶ 5881 тонна пахтаро ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18162 тонна зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст.
Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 304003 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, вилояти Суғд 107654 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 50073 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.12.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 304004 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, ба вилояти Суғд 107654 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 50073 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 32,2 сентнер буда, ба ВМКБ 15,4 сентнер, ба вилояти Суғд 29,1 сентнер, вилояти Хатлон 36,2 сентнер, Душанбе 24 сентнер ва ба НТҶ 28 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 976559 тоннаро ташкил медиҳад. Нисбати соли 2021 75739 тонна зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 32158 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 15309 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9765 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 18.11.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 31634 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, ба вилояти Суғд 14815 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9732 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 260 сентнер буда, ба ВМКБ 136 сентнер, ба вилояти Суғд 328 сентнер, вилояти Хатлон 178 сентнер ва ба НТҶ 221 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 821340 тоннаро ташкил медиҳад. Нисбати соли 2021 185181 тонна зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38466 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9240 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8129 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 18.11.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 38466 гектар буда, дар ВМКБ 410 гектар, дар вилояти Суғд 9240 гектар, дар вилояти Хатлон 20687 гектар ва НТҶ 8129 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 313 сентнер буда, ба ВМКБ 155 сентнер, ба вилояти Суғд 297 сентнер, вилояти Хатлон 320 сентнер ва ба НТҶ 324 сентнер рост меояд.
Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз ҳисоби умумии ҳосили сабзавот, ки 1205594 тоннаро ташкил медиҳад: 526102 тонна пиёз, 46188 тонна карам, 247187 тонна помидор, 119961 тонна бодаринг, 124651 тонна сабзӣ ва 141504 тонна дигар намуди сабзавот рост меояд.
Рафти ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17492 гектар буда, ба вилояти Суғд 3853 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 657 гектар рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 04.11.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 17492 гектар буда, Суғд 3853 гектар, дар вилояти Хатлон 12982 гектар, дар НТҶ 657 гектар ва ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 311 сентнер буда, ба вилояти Суғд 336 сентнер, вилояти Хатлон 309 сентнер ва ба НТҶ 197 сентнер рост меояд.
Ҳосили умумии полезиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 543238 тоннаро ташкил медиҳад. Нисбати соли 2021 14886 тонна зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.12.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 260682 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати соли 2021 63314 тонна зиёд мебошад. То имрӯз ҷамъоварии мева ба ВМКБ 12948 тонна, ба вилояти Суғд 85320 тонна, ба вилояти Хатлон 109990 тонна, ба НТҶ 52424 тонна рост меояд.
Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 154277 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, нисбат ба соли 2021 43122 тонна зиёд мебошад. То имрӯз ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 42415 тонна, ба вилояти Хатлон 36234 тонна, ба НТҶ 75628 тонна рост меояд.
Рафти кишти такрории зироатҳои такрор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.09.2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 197614 гектар кишт гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 96 гектар, иҷро шуд 123 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 30100 гектар буда, иҷро шуд 40051 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 130505 гектар буда, иҷро шуд 131953 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 26443 гектар буда, иҷро шуд 25487 гектар мебошад.
Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 605483 гектар шудгор гузаронида шавад, ки ба ҳолати 02.12.2022 ба майдони 247479 гектар шудгор карда шуд. Тибқи дурнамо баяд 172886 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ гузаронида шавад, ба ҳолати 02.12.2022 177951 гектар: аз он ғалладонагиҳо 164058 гектар, картошаки барвақтӣ 325 гектар ва сабзавоти бавақтӣ 13893 гектар кишт карда шуд.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.12.2022 майдони гармхонаҳои доимамалкунанда 146,6 гектарро ташкил намуда, майдони умумии кишт 87,1 гектар мебошад, аз он помидор 42,5 гектар, бодиринг 26,1 гектар ва дигар сабзавотҳо 18,6 гектарро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ҷумла, тибқи дурнамо дар ВМКБ 55200 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 580150 тонна хӯроки дурушт ва 24300 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 940430 тонна хӯроки дурушт ва 47600 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 422210 тонна хӯроки дурушт ва 28380 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат ба санаи 04.11.2022 дар ҷумҳурӣ 2359079 тонна хӯроки дурушт ва 99653 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 59515 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 665041 тонна хӯроки дурушт ва 27060 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 1152675 тонна хӯроки дурушт ва 43849 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 470162 тонна хӯроки дурушт ва 28744 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд.
Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1368 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 548 адад, комбайни ғалладарав 32 адад, ядаки трактор 15 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, испори тракторӣ 182 адад, ғаллакубак 17 адад, кулухмайдакунак (фреза) 15 адад, култиватор 5 адад, тойбанду тагрезчин 94 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 67 адад, картошкаканак 6 адад ва картошкашинонак 1, алафдаравак 21 адад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.11.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27416 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1551 адад тракторҳои шудгоркунандаи тасмачарх, 5850 байниқаторӣ (сечарха), 20015 нақлиётӣ (чорчарха), 1094 адад комбайни ғалладарав, 8797 адад ядакҳои тракторӣ, 10278 адад испорҳои тракторӣ, 3387 адад култиваторҳо, 2289 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1476 адад достҳои тракторӣ, 825 адад тойбанду тагрезчин, 135 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 193 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 318 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.