Бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дирӯз дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазир Зиёзода Сулаймон, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, роҳбарони ҷамоатҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд, дирӯз дар минтақаҳои гуногуни шаҳр беш аз 800 бех ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуда, ин иқдом ба беҳтар намудани муҳити зист ва баланд бардоштани сифати ҳаво дар минтақа мусоидат мекунад.
Таъкид гардид, ки сабзазоркунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати экологӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Шинонидани ниҳолҳо на танҳо барои беҳбуди муҳити зист, балки беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ низ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, ба масъулин тавсия дода шуд, ки ба парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои шинонида диққати махсус диҳанд.
Гуфта шуд, ки амалисозии чунин тадбирҳо на танҳо ба ҳусни шаҳр зебоии нав зам мекунад, балки барои беҳтар гардидани сифати ҳаво низ муфид мебошад.
Ҳадафи асосии ин маърака на танҳо ниҳолшинонӣ, балки тарғиби фарҳанги ҳифзи муҳити зист ва ҷалби бештари мардум ба сабзкорӣ мебошад.
Имрӯзҳо сокинони заҳматкаши шаҳр, тибқи маслиҳати мутахассисон ва қоидаҳои агротехникӣ бо истифода аз ҳавои мусоид дар шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳо машғули шинонидани дарахтони гуногун мебошанд.
Ҳамзамон, муовини Сарвазир аз хоҷагии ниҳолпарварии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид бо фаъолияти хоҷагӣ, раванди парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии ниҳолпарварӣ соли 2025 дар масоҳати 5 гектар таъсис гардида, айни замон зиёда аз 25 000 бех ниҳол парвариш ёфта истодааст.
Дар хоҷагӣ беш аз 15 намуди ниҳоли ороишӣ ва сояафкан парвариш карда мешаванд, ки онҳо барои сабзкорӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳои кишвар пешбинӣ гардидаанд.
Сурайё Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
