Дар Уфа мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар минтақаҳои федералии Приволжии Федератсия Русия зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Зимни суҳбат Сафири Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши мамлакат дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.
Ҳамзамон доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли якчанд масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешида маълумот пешниҳод гардид.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аҳаммияти нигоҳ доштани робита ва ҳамкории доимии роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷиконро бо ҳамватанон таъкид карда, гуфт, ки ин амал воситаи асосии таҳкимбахши робита дар байни онҳо аст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамватанон ва донишҷӯён саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, ба онҳо посух гирифтанд.
