АМИТ барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон намуд

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмии чандин шуъбаҳои Институт озмун эълон намудааст.

Дар ин бора сомонаи расмии АМИТ хабар дода, вазифаҳои холӣ ва талаботи ба кор пазируфтанро ба таври зайл овардааст:

Муовини директор оид ба илм ва таълим – 1 ҷой, аз ҳисоби довталабони соҳибунвон.

Котиби илмии Институт – 1 ҷой, аз ҳисоби довталабони соҳибунвон.

Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.

Шуъбаи таърихи фалсафа: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 4 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 4 ҷой.

Шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 2 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой.

Шуъбаи фалсафаи фарҳанг: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.

Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.

Шуъбаи сотсиология: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 2 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.

Маркази синошиносӣ: мудири марказ – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 4 ҷой; ходими калони илмӣ – 3 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.

Шуъбаи сиёсатшиносӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 2 ҷой.

Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.

Шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.

Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой; ходими калони илмӣ – 4 ҷой; ходими хурди илмӣ – 5 ҷой.

Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; ходими калони илмӣ – 3 ҷой; ходими илмӣ – 1 ҷой.

Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 2 ҷой; ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой; ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.

Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ – 2 ҷой; ходими пешбари илмӣ –1 ҷой.

Талабот барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмӣ:

– барои ишғоли вазифаи мудири шуъба, сарходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ, ходими калони илмӣ доштани дараҷаи илмии доктори илм, доктори ҳабилитат ё номзади илм, доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD) дар самти илмии шуъбаи дахлдор;

– барои ишғоли вазифаи ходими илмӣ ва ходими хурди илмӣ доштани маълумоти олии касбӣ ё магистрӣ дар самти илмии шуъбаи дахлдор;

– на камтар аз 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– доштани корҳои нашршудаи илмӣ вобаста ба самти фаъолияти шуъба.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– аризаи шахсӣ ба унвонии директори Институт;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– 4 дона расми андозаи 3х4;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ;

– нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ, аттестати унвони илмӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).

– маълумотнома аз ҷои истиқомат;

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– нусхаи гувоҳномаи РИС (СИН).

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ИФСҲ АМИТ утоқи №2.

Тел: (+ 992) 221 56 89; (+ 992) 221 77 96; e-mail: info@ifppanrt.tj

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо – 21 рӯз баъди нашри эълон.