Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла баргузории маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ҳузури Пешвои миллат, натиҷаҳои нишасти даҳуми “Гуфтугӯҳои амнияии Ҳирот” дар Душанбе, баҳси танзими фаъолияти хадамоти таксӣ матолиби хабарӣ ва таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи 28 ноябр хабари суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Президенти Фаронса Эммануэл Макронро ба нашр расонидааст. Дар ин шумора инчунин мақолаҳое бо номи «Тағйирёбии иқлим. Раванди фоҷиаборе дар пайи муносибати инсон бо табиат», «Иҷлосияи XVI ва эҳёи асолати миллӣ», «Конфронси байналмилалии «Криосфера ва хатарҳои ба он алоқаманд дар баландкӯҳҳои Осиё дар шароити тағйирёбии иқлим»-ро мутолиа намоянд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 ноябр дар баробари ахбори расмӣ, мақолае бо номи “Ҳомии манфиатҳои миллӣ” чоп карда, навиштааст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали интихоб шудан ба мақоми сарвари давлат дар баробари ба роҳ мондани фаъолияти муназзами тамоми сохторҳо, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва таъмини амнияти мардуми кишварро аз ҳадафҳои меҳварии худ эълон доштанд.
Ба навишати муаллиф дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, тадриҷан, мушкилоту монеаҳои мавҷуда бартараф гашта, таҳкурсии давлати соҳибихтёр қавитар гардид, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуд. Бахусус таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 30 ноябр мусоҳибаи ихтисосӣ бо Муҳиддини Музаффар коргардони филми бадеии “Дов”-ро зери унвони “Аз тамошогарон умеди зиёде доштам” чоп кардааст. Муҳиддини Музаффар дар ин мусоҳиба гила аз он кардааст, ки тамошобинон дар рӯзҳои намоиши филм дар кинотеатрҳо хеле кам буданд ва ин ҳолат баёнгари коҳиши завқи синамоии мардум дар Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи Муҳиддини Музаффар синамои миллӣ имрӯз ба дастгирӣ ниёз дорад ва агар эҳёи онро мехоҳем, бояд дар бари синамогарон бошем. Вагарна як асри дигар аз давраи тиллоии рушди синамои тоҷик – замони Шӯравӣ ёд меорему халос.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 29 ноябр хабарҳои расмӣ аз ҷумла маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии равнади иҷрои «Барномаи рушди саноати сабук дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» дар ин ҷаласа чоп кардааст.
Дар ин шумора мақолае зери унвони «Мушкилоти ҷавонон ва роҳи ҳалли онҳо», ки дар он муаллиф мавзуи интихоби нодурусти касб аз ҷониби донишҷӯён ва мушкилоти давраи таҳсил мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ба навиштааи муаллиф, имсол дар кишвар теъдоди довталабони макотиби олӣ нисбат ба ду сол пеш кам гардида, ин ҳолат роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳоро нигарон кард. Аз сӯи дигар таззод дар он аст, ки довталабон имкон доранд аз миёни зиёда аз 800 ихтисоси пешниҳодшуда 12 – то интихоб кунанд, вале қисме аз онҳо боз дар интихоби касби оянда хато карда, донишҷӯи тасодуфӣ мешаванд.
Аз сӯи дигар муаллиф аз мушкилоти донишҷуёни имрӯза, мисли стипендияи ночиз, пайдо кардани манзили иҷора ва хароҷоти роҳкиро ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки хулоса донишҷӯён ба як қатор имтиёзҳо аз ҷумла маслиҳатҳои ройгони равоншиносӣ, суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони касби худ, стипендияи беҳтар, сабукиҳо доир ба ҷои хобу роҳкиро ва дигар хизматрасониҳо ниёз доранд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 30 ноябр дар сармақолаи худ баҳси таксиҳои пойтахт ва вокуниши мақомоти БДА дар шаҳри Душанберо вобаста ба масъалаи мазкур нашр кардааст. Бояд гуфт, ки тайи рӯзҳои охир шумораи таксиҳо дар шаҳри Душанбе кам шуда, инчунин таксиҳое ба чашм мерасанд, ки бидуни рақами қайди давлатӣ ҳастанд.
Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” иттилоъ додааст, танҳо дар давоми ду рӯз фаъолияти беш аз 200 таксӣ ба далели ҷавобгӯ набудани ин мошинҳо ба талаботи техникӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ қатъ шудааст. Бахтиёр Вайсзода, сардори БДА дар шаҳри Душанбе ба ин нашрия гуфтааст, ки ин амалиёти мақсаднок ба хотири аз назар гузаронидани ҳолати техникии таксиҳо сурат мегирад.
Ба гуфтаи Бахтиёр Вайсзода, бо вуҷуди он ки барои 12 ҷамъияти хӯрди мусофирбар 4 ҳазору 100 саҳмия муқаррар шудааст, вале ҳоло зиёда аз 6 ҳазор мошини хӯрд бо хидматрасонии таксӣ дар пойтахти Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Вай таъкид кардааст, ки ба далели зиёд будани шумораи таксиҳо ронандагони онҳо ба хотири ёфтани мусофир қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона нақз карда, дар баъзе мавридҳо боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.
Ҳамзамон сардори БДА дар шаҳри Душанб хабарҳо дар бораи баровардани мошинҳои соли бароришашон то 2016-ро аз кӯчаҳои Душанбе рад карда, гуфтааст, ки «баръакс, ширкатҳои хидматрасони мусофиркаш барои ҳамкорӣ ба мақомоти БДА муроҷиат кардаанд, то мушкилоти мавҷуда бартараф гардад».
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумора матлаби дигаре бо номи“Таваллуд ройгон аст ё пулакӣ? Аз шикоят то телефони боварии вазир. Чиро бояд донист?” чоп кардааст. Муаллиф аз қавли Моҳира Исмоилова яке аз корафтодагон дар таваллудхона менависад, ки дар умум аз аввал то охир барои таваллуди фарзанд 4500 сомонӣ сарф кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба наивштаи муаллиф, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода қаблан дар посух ба ин савол иброз дошта буд, ки ягон таваллудхона ҳаққи гирифтани пулро аз бемор ё соҳиби ӯ надорад ва дар ғайри ин сурат мардум бояд ба телефонҳои боварии вазорат муроҷиат кунанд.
Муаллиф дар фарҷоми мақола дар хитоб ба мардум гуфтааст, вақте медонед, ки хизматрасониҳо дар таваллудхона ройгон аст, бо боварӣ ба духтур суҳбат намоед, ҳангоми супоридани маблағ расидро талаб намоед ва инчунин, ҳангоми ворид шудан ба таваллудхонаҳо дастурамал ё дигар санадҳои дар онҷо насбшударо бодиққат хонед.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 1 декбар дар сармақолаи худ ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро бархе аз ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваста ва террорист мешаванд?
Муаллиф ба нақл аз коршиносон навиштааст, ки яке аз омилҳои асосии ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтодани шаҳрвандони Тоҷикистон ин муҳоҷирати корӣ аст. Гуфта мешавад, ки иддае аз муҳоҷирон ба ҳангоми дучори мушкилот шудану дар ҳолати руҳафтодагӣ, таҳти таваҷҷӯҳи мубаллиғони гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ қарор мегиранд.
Дар баробари ин коршиносон ба ин нашрия гуфтаанд, ки мағзшӯии ҷавонон асосан аз тариқи шабакаи интернет сурат гирифта, муҳоҷирони бекор ва дар ҳолати мушкилии равонӣ қарордошта, зуд ба идеяи ин мубаллиғон дода мешаванд. Бар асоси иттилои мақомоти амниятии Тоҷикистон дар гузашта 1899 нафар шаҳрвандони кишвар ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайваста, дар қаламрави Ироқу Сурия ҳузур доштанд.
Ҳафтаномаи “Пайк” дар шумораи рӯзи 1 декабр мақоле нашр карда, навиштааст, ки барои аввалин бор дар пойтахти кишвар Иди картошка баргузор шуд, вале нархи ин маҳслуот дар бозорҳо ҳамоно баланд аст. Тибқи мушоҳидаҳои муаллиф, таваҷҷӯҳи асосии мардум дар фестивали картошка, ба харидани ин маҳсулот бо нархи арзон равона шуда буд. Яъне аксар мардум талош доштанд, ки аз мошинҳои боркаш ҳар чӣ бештар картошка бо нархи 2 то 2.5 сомонӣ ба даст оваранд. Аммо баъди анҷоми фестивал нархи картошка ба қиммати пешинаи худ баргашт.
Дар ҳамин ҳол дар расми ифтитоҳи фестивали картошка, вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иддао кардааст, ки то охири сол дар кишвар 1 млн. 150 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ мешавад. Вазири кишоварзӣ эҳтиёҷоти солонаи мардуми кишвар ба ин навъи маҳсулотро 1 млн. 350 ҳазор тонна арзёбӣ кардааст.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ
радиои “Тоҷикистон”