Акс аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 ноябри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар 38-умин ҷаласаи Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC) иштирок намудааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон оғоз гардида, дар кори он ҳамчунин намояндагони Созмони ҳамкориҳои исломӣ, сохторҳои Бонки Исломии Рушд, вазорату идораҳо ва корпуси дипломатии Туркия иштирок намуданд.
Дар ҳошияи ин ҷаласа (COMCEC) сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо роҳбари Корпоратсияи исломӣ оид ба тиҷорат ва молияи Гуруҳи Бонки исломии рушд Хани Салем Сонбол мулоқот намудааст.
Ҷонибҳо масъалаҳои хамкорӣ дар доираи барномаю механизмҳои дастгирии тиҷорат ва молияи корпоратсияи мазкурро баррасӣ намуданд.