Акс аз Кумитаи миллии олимпӣ
20-28 ноябр дар шаҳри Намангони Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба ҳендбол миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони то 18-сола баргузор шуд.
Тавре Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, аз Тоҷикистон танҳо тими бонувон ба мусобиқа сафарбар гардида, ҷои дуюмро сазовор шуданд.
Мусобиқа тибқи системаи даврӣ баргузор шуда, тими Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев чор бозӣ анҷом дод. Ҳендболбоздухтарони ҷавони мо дар се бозӣ муқобили дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон пирӯз шуда, аз дастаи Узбекистон шикаст хурданд ва ҷои дуюмро сазовор гаштанд.
Дар мусобиқа миёни духтарон Узбекистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои сеюмро мушарраф шуданд.