Қисми ифтитоҳии Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот-Х” дар Душанбе анҷом ёфта, конфронс кори худро дар 7 панел идома медиҳад.
Қосимшо Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа гуфт, мақсад аз ин нишаст пайдо кардани роҳҳои расидан ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебошад. Искандаров ҳамчунин зикр намуд, ки мавқеи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон рушан буда, ба масоили дохилии ин кишвар дахолат намекунад. Ба ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам намудани шароит барои гуфтугӯҳои фарогири созанда мехоҳад, ин кишвар ба сулҳу суботи ҳамешагӣ бирасад.
Фарҳод Салим, муовини Вазирии корҳои дохилӣ дар ин нишаст суханронӣ мекард, гуфт, ки Тоҷикистон аз вазъи Афғонистон нигарониҳое дорад. Аз ҷумлаи ин нигарониҳо фаъолшавии гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, вусъати кишт ва муомилоти маводи мухаддир ва нақзи бесобиқаи ҳуқуқу озодиҳои занон, гурӯҳҳои этникӣ ва мазҳабӣ мебошанд.
Рангин Додфар Испанто, собиқ мушовири амнияти миллӣ ва вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар суханронии худ бо ташаккур аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити баргузории Конфронси муҳим, гуфт, ки ягон роҳи расидан ба суботу сулҳи доимӣ дар Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир ва мушорикати ҳама гурӯҳҳои қавмӣ дар ин раванд аст.
Дар ин ҳамоиш беш аз 100 нафар аз саросари ҷаҳон ширкат доранд. Ба иттилои масъулин коршиносон, сиёсиён, намояндагони мақомоти расмӣ, сафоратҳо ва рӯзноманигорон, ба “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” даъват шудаанд. Рангин Додфар Испанто, собиқ мушовири амнияти миллӣ, Раҳматуллоҳ Набил, собиқ раиси Раёсати амнияти миллӣ, Залмай Расул, собиқ вазири хориҷа, Фавзия Кӯфӣ, собиқ узви парлумон, Файзулло Закӣ, собиқ вазири умури иҷтимоӣ, Аҳмад Валӣ Масъуд, раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷумлаи шахсиятҳои матраҳи Афғонистон ҳастанд, ки дар ин нишаст иштирок доранд.
Дар умум, аз 20 кишвар ва созмони байнулмилалӣ, назири Русия, Амрико, Канада, Инглистон, Фаронса, Оламон, Туркия, Арманистон, Эрон, Покистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони миллали муттаҳид ва ғайра дар ин нишаст ширкат доранд.
ду рӯз идома хоҳад дошт. Фардо 30 ноябр, дар меҳмонхонаи Ҳайат реҷенсӣ Конфронс рӯзи дуюм идома меёбад.
Институти мутолеоти стратегии Афғонистон дар ҳамдастӣ бо Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақаи Тоҷикистон масъулияти баргузории ин конфронсро ба дӯш доранд. Ин даври даҳуми “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аст.
Аввалин даври он соли 2012 дар шаҳри Ҳирот шуда, бақия даврҳояш низ дар ин шаҳр ҳамасола баргузор мешуданд. Аммо баробари ба қудрат омадани Толибон баргузории онҳо дар қаламрави Афғонистон қатъ шуд.
Фирдавси Низом