Акс аз сомонаи ВКД
28-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Лиони Ҷумҳурии Фаронса конференсияи ҳарсолаи роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерпол дар мавзӯи «Амалҳои муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ” оғоз гардид, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ширкат доранд.
Тавре ВКД хабар медиҳад, дар ин Конференсияи сатҳи баланд Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ализода Анварҷон Ҷума, сардори Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Назриев Шаҳриёр Ҷӯрабекович ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, 28 ноябр дар ҷараёни конференсияи мазкур аз ҷониби мутахассисони Котиботи генералии Интерпол мавзӯъҳои «Баланд бардоштани самаранокӣ: Аввалан маълумот”, «Роҳ ба биометрияи нав”, “Имкониятҳо ва парвандаҳои оқилона”, “Набудани пойгоҳи додаҳои ДНК-и инсон ва беҳтар кардани сифат ва миқдори маълумоти биометрӣ” ва дигар мавзӯъҳои мубрам мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар рафти Конференсия музокираю мубоҳисаҳо сурат гирифта, иштирокдорон оид ба тақвияти имкониятҳои полиси байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯи байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти кории ин созмон тааллуқ дорад, фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.
Конференсияи мазкур аз 28-ум то 30-юми ноябри соли 2022 идома меёбад.