Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Қатар бомаром идома дорад. Дар рӯзи 8-уми сабқатҳо боз 4-бозии беҳтарин баргузор гардид. Сабқатҳо бо бозии тимҳои Ҷопон бо Коста-Рика оғоз гардида, бо бартарии як гол бар суди футболбозони Коста-Рика хотима ёфт. Ягона голи рақобатро Кейшер Фуллер ба самар расонида, ба дастааш се имтиёз овард.
Баъд аз рақобати Ҷопон бо Коста-Рика бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои мунтахаби Белгия ва Марокаш баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эл Тумама” дар Доха баргузор гардида, бо натиҷаи 2:0 бар нафъи футболбозони Марокаш ба поён расид. Қисми аввали бозӣ бо бартарии дастаи мунтахаби Белгия гузашт. Ҳаким Зиёш дар дақиқаи 45-ум ба задани гол даст ёфт, лекин доварон пас аз баррасии такрори системаи VAR голи задаи ӯро бекор карданд. Дар нимаи дуюми бозӣ бошад Марокаш бо шарофати голи Абдулҳамид Собирӣ ҳисобро боз намуд. Белгиягиҳо то ба охир талош намуданд, ки ҳисоби бозиро баробар кунанд, лекин футболбозони Марокаш нагузоштанд, то ки белгиягиҳо ба задани гол муваффақ шаванд. Дар дақиқаи 93-юм Закариёи Абуҳлол бо кӯмаки Ҳаким Зиеш ҳисоби бозиро 2:0 кард ва ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт. Ҳамин тариқ Белгия дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 аз Марокаш шикаст хӯрд.
Бозии баъди байни мунтахабҳои Харватия бо Канада сурат гирифт, ки бо натиҷаи 4:1 бар нафъи футболбозони Хорватия ба поён расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 2-юми вохӯрӣ Алфонсо Девис кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 36-уми вохӯрӣ Андрей Крамарич пас аз партофти Иван Перишич гол зада, ҳисоби бозиро баробар кард. Дар дақиқаи 44-ум ба Марко Ливая муяссар шуд, ки Хорватияро ба пеш барорад. Дар дақиқаи 70-уми вохӯрӣ Андрей Крамарич голи дуюмашро дар ин рақобат ба самар расонида дубл кард. Ба ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 94-ум Ловро Майер нуқтаи ниҳоӣ гузошт.
Бозии охирини рӯзи 8-уми Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 бо рақобати мунтахабҳои Испания бо Германия сурат гирифт. Бозӣ миёни ин тимҳо дар варзишгоҳи “Ал-Байт” баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба поён расид. Голҳоро аз ҳайати дастаҳо Алваро Мората ва Никлас Фулккруг ба самар расониданд.
Сорбон Амонуллозода