АКС аз ВКХ ҶТ
Дар нимаи аввали рӯзи 28 ноябри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Сафорати Беларус дар Тоҷикистон боздид намудааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сироҷиддин Муҳриддин дар Китоби тасаллият оид ба ҳамдардии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба даргузашти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей сабт гузошт, ки дар он чунин омадааст:
“Аз номи кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба тамоми кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Беларус дар робита ба даргузашти нобаҳангоми вазири корҳои хориҷӣ Владимир Владимирович Макей ҳамдардии самимона изҳор менамоям.
Владимир Владимирович дар Тоҷикистон ба ҳайси ходими давлатие, ки манфиатҳои миллии Беларусро қотеъона ҳимоя мекард ва масоили ба роҳ мондани ҳамкории густурдаи байналмилалиро моҳирона танзим менамуд, хотирмон хоҳад буд. Маҳз ҳамин сифатҳои баланди касбӣ муҷиби эҳтироми баланд ва нуфузу эътибори Владимир Владимирович дар ар саи байналмилалӣ гаштанд.
Мо ба саҳми назарраси Владимир Владимирович дар тақвияти муносибатҳои дустии самимона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус арҷ мегузорем.
Шахсан муносибати бародарона ва эътимоди комили Владимир Владимировичро ҳамеша дар хотир хоҳам дошт ва қадр хоҳам кард.
Бо ғаму андуҳи хешон ва наздикони Владимир Владимирович ҳамроҳ ҳастам.
Рӯҳат шод бод, дусти азиз…”