“Ҷумҳурият”: Тоҷикистон оромишу амнияти минтақаро ҳифз мекунад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе адр мавриди рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иҷтисодиву фарҳангии Тоҷикистон, аҳ ҷумла таҷлил аз сиюмин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди бунёди манзилҳои маскунӣ барои зарардидагони даргириҳои марзӣ дар вилояти Суғд, бозтоби нишасти ахири сарони кишварҳои турк ва паёмадҳои он барои минтақа маводҳои зиёдӣ хабарӣ ва таҳлилӣ чоп кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 23 ноябр мақолае бо номи “Рамзи давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ” нашр карда, навиштааст, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад.

Муаллифи мақола профессор Муҳриддин Низомӣ ректори  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, таъкид кардааст, ки Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдоди ориётаборамон буда, бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақолаи Абдулҳамид Ал-Кибӣ нависандаи Яманиро нашр кардааст, ки дар он муаллиф нигоштааст: “Тоҷикистон оромишу амнияти минтақаро ҳифз мекунад”.  

Ба навиштаи Ал-Кибӣ, дар Тоҷикистон сулҳу суботи комил ва ҷамъӣ мустақар буда, солҳои дароз миёни ҷомеа ҳеҷ гуна ихтилофот ва ё низоъҳои мазҳабию қавмӣ рӯх надодааст. Аз ин рӯ, таҷрибаи сиёсати ҳамзистии фикрию ақидатии минтақавӣ  як ҳолати интерактивиро ба вуҷуд овард, ки боиси пайдоиши ҳаёти осоиштаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардид.

Муаллиф таъкид мекунад, ки тамоми тасмиму тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти танзими фаъолияти динӣ ва авзои ақидатӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, озодиҳои диниро дар ҷомеа маҳдуд намекунанд ва давлат бо такя ба арзишҳои фарҳангӣ, роҳандозӣ намудани тарҳои ҳамзистӣ аз ҳузуру нуфузи гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрави динӣ – мазҳабӣ ҷилавгирӣ менамояд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Абдулҳамид Ал-Кибӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳамзистии осоиштаро барои ҳифзу бақои низоми сиёсию давлатӣ, ки дар муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии ҳамаи қишрҳои ҷомеа асос меёбанд, пешниҳод менамояд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи 21 ноябр дар баробари нашри ахбори расмӣ ҳамчунин матлабе дар мавриди муҳокимаи парлумонӣ «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022» нашр кардааст.  Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагон  иброз доштааст, ки вазъи имрӯзаи ноустувории системаи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ моро водор месозанд, ки оид ба пешгирии таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

“Садои мардум” дар шумораи рӯзи 23 ноябр мақолае дар робита ба Рӯзи парчами давлатӣ бо номи “Аз дирафши Коваёнӣ то пояи 165 — метраи Парчами давлатӣ” чоп кардааст.

Ба навиштаи муаллиф далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардуми мо дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва бостоншиносон истифодаи онро то солшумории милодӣ собит намудаанд. Аз ҷумла дар замони Куруши Кабир халқи тоҷик, ки соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда, дирафш — парчамро ба миён овард ва нақши нахустпарчами мо — «Дирафши Коваёнӣ»-ро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» хеле барҷаста тасвир кардааст.

Муаллиф таъкид мекунад, ки эҳтиром ба Парчам аз ибтидо дар қалбҳои мардуми сарбаланди мо маскан гирифта ва ин аст, ки дар адабиёти навини мо аксарияти адибони тоҷик чун ифодаи эътимоду эътиқод ба Парчам шеърҳо ва маҷмӯаҳои эҷодии хешро зери унвонҳои «Ливои зафар», «Байрақи музаффарият», «Парчами сулҳ» ва амсоли инҳо ба табъ расонидаанд.

Нашрияи “Садои мардум” дар матлаби дигаре зери унвони “Пластика дар киштзор чӣ мекунад?” аз зарари маҳсулоти пластикӣ ба муҳити атроф дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф бо мақсади пок сохтани муҳити зист аз партовҳои маишӣ, алалхусус пластикӣ, бояд дар шаҳрҳо ва  маркази  ноҳияҳо усули ба навъҳо ҷудо кардани партовҳоро ба роҳ монд. 

Инчунин ба таъкиди муаллиф роҳи дигари кам кардани партовҳо ба роҳ мондани нуқтаҳои хариди партовҳои пластикӣ мебошад.  Агар дар ҳар як шаҳру маркази ноҳияҳо нуқтаҳои қабули партовҳои пластикӣ, коғазпора, зарфҳои шишагӣ таъсис дода, онҳоро аз баъзе навъҳои андоз озод намоем, метавон бо ин роҳ аз ифлосшавии муҳити зист дар оянда пешгирӣ кард.

Дар баробари ин ба хулосаи муаллиф бояд дар боғчаю мактаб, корхонаю муассиса ва ҷойҳои ҷамъиятӣ  маърифати экологиро тарғиб намуда, ба мардум тарзи дурусти  муносибат ба партовро, алалхусус ашёи пластикиро,  фаҳмонем.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 23 ноябр посухи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар мавриди сабабҳои болоравии нархи тухм дар кишварро нашр кардааст.

Музаффар Мирзозода муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посухи хеш таъкид кардааст, ки сабаби асосии афзоиши нархи тухм дар кишвар, зиёдшавии хароҷотҳои истеҳсолии корхонаҳои парандапарварӣ, аз ҷумла қиматшавии нархи хӯроки паранда ва доруҳои пешгирикунандаи зидди бемориҳои сироятӣ аст. 

Дар баробари ин гуфта шудааст, ки сабаби дигар фаъолияти миёнравҳои зиёд гуфта шудааст, ки бо назардошти аз якчанд даст гузаштан то нуқтаҳои фурӯш нархи 1 дона тухм 40 то 45 фоиз афзоиш меёбад. Дар ҳамин ҳол тибқи омори Вазорати кишоварзии Љумҳурии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар наздики 996 млн. дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 162,2 млн. дона ё худ 19,5% аст.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо номи “Бачаи угай” аз вазъияти ногувори нашрияҳои маҳаллӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф таъкид кардааст, ки аз ҳоли зори рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба истиснои ноҳияи Балҷувон огаҳ аст. Ба навишати муаллиф обунаи солонаи аксари нашрияҳои маҳаллӣ аз 800-1000 нусха зиёд нест ва дар баробари ин бархе мақомоти маҳаллӣ нашрияҳои маҳаллиро аз рӯйхати обунаи иҷборӣ берун кардаанд.  

Дар фарҷом муаллиф аз ҳукумати кишвар ва вакилони Маҷлиси намояндагон дархост кардааст, ки барои рушди нашрияҳои маҳаллӣ дар даҳ соли оянда як Барномаи махсуси давлатӣ таҳия ва қабул кунанд.

Ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии “Пайк” чопи Кӯлоб  дар шумораи рӯзи 24 ноябр дар сармақолаи хеш, аз ҳоли зори бинои Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Файзобод интиқод кардааст.  Аз ҷумла ба навиштаи ҳафтанома, се ошёнаи хобгоҳи литсейи мазкур пурра корношоям буда,  инчунин ин муассисаи таълимӣ ба озмоишгоҳҳои техникиву паркҳои автомобилӣ шадидан ниёз доранд.  Гуфта мешавад айни замон дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Файзобод 300 донишҷӯ таҳсил мекунад, ки 65 нафарашон духтар ҳастанд.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ

радиои “Тоҷикистон”