Дар Бригадаи ҳамалаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ низ дар як вақт ду чорабинии муҳиму хотирмон сурат гирифт.
Ба иттилои Вазорати мудофиа сарбозоне, ки муҳлати муайяни хизмати ҳатмии ҳарбиро адо намудаанд, гуселонида шуда, маросими савгандёдкунии наваскарон бо иштироки ҳайати фармондеҳии ин навъи қӯшун дар фазои идона ташкилу ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати фармондеҳӣ ва командири қисми низомӣ зимни тақдими билети ҳарбӣ ва нишони десантчӣ ба сарбозони шуҷои ин навъи қӯшун барои хизматҳои содиқонаву бенуқсон ва ба волидонашон дар тарбияи фарзандон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба онҳо дар зиндагии мустақилона барору комёбиҳоро таманно карданд.
Баъди ёд кардани Савганди ҳарбӣ, ҳар як наваскар сарбози комилҳуқуқи Ватан мегардад ва аз ӯ пеш аз ҳама интизоми баланди ҳарбӣ дар иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ талаб карда мешавад.
Акс аз Вазорати мудофиа