Сафири Юнон дар Тоҷикистон ба муовини вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимоднома супурд

Акс аз Вазорати корҳои хориҷӣ

21 ноябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Москва) Екатерина Нассикаро қабул кардааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандиро барои рушди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ изҳор карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Юнонро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти корӣ муваффақият таманно намуд.