21 ноябр ба муносибати 30-солагии рўзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ дар оғози маҷлис раиси Кумита Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи қабул, моҳият, муқаррароти ин рамзи давлатӣ ва тадбирҳое, ки дар мамлакат ҷиҳати бузургдошти он амалӣ карда мешаванд, сухан кард.
Таъкид шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, ки дар таҳия ва қабули он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки 11 декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Ватани соҳибистиқлоли мо аз соли 2009 ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукўҳу тантана таҷлил карда мешавад.
Дар идомаи маҷлис устоди ДМТ Ҷамолиддин Шарифов баромад намуда, доир ба ибтидои парчамдории тоҷикон дар сарчашмаҳои таърихӣ маърӯза карда, таъкид намуд, ки парчамдории миллати тоҷик таърихи басо куҳан дошта, ин падида аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад.
Сипас мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДМТ Муҳаммад Раҳмонзода доир ба мақоми Парчами давлатӣ дар қонунгузорӣ ва тартиби истифодаи ин муқаддасоти миллӣ аз лиҳози қонунгузорӣ маълумот дод.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз солҳои нахустини таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳатто дар маркази ҷамоату деҳоти ҷумҳурӣ парчампояҳои баланду бошукўҳ бунёд шуданд, ки ифтихори ҳар яки тоҷикиу тоҷикистонӣ мебошад.
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар сохторҳои кумита низ гузаронида мешаванд.