Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати раиси ҳукумати вилоят Алишери Мирзонабот ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ баргузор гардидааст.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гржаданӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа ду масъала – рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 «Дар бораи омодагии саривақтии бахшҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ ба чорабиниҳои мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳӣ – давраи зимистони солҳои 2022-2023» ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташкил ва истифодаи захираҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, пешгирии офатҳои табиӣ ва коҳиши хатар яке аз вазифаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят пас аз баррасии ин масъалаҳо ҷиҳати беҳтар намудани кор ва ҳамкории сохторҳо дар масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва қабули қарорҳои саривақтӣ дар ҳолати рух додани онҳо супоришҳо додааст.
Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гржаданӣ