Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба ҳолати 18.11.2022 ҳосили ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 391965 тонна буда, вилояти Хатлон 268768 тонна, вилояти Суғд 117617 тонна ва НТҶ 5096 тонна пахтаро ташкил медиҳад.
Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5340 тонна зиёд будааст.
Тибқи дурнамо мебоист дар ҷумҳурӣ 425000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.
Ҳамчунин, ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 821340 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 185181 тонна зиёд ҷамъоварӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, майдони кишти картошка ба ВМКБ 1270 гектар, ба вилояти Суғд 14815 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9732 гектар рост омадааст. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 260 сентнер, ба ВМКБ 136 сентнер, ба вилояти Суғд 328 сентнер, вилояти Хатлон 178 сентнер ва ба НТҶ 221 сентнер баробар будааст.