Тими мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон ғолиби CAFA-2022 гардид

Дар Ҳисор ҳаштумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба анҷом расид.
Дастаҳои наврасони то 14-сола аз 5-кишвар – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Туркманистон барои унвони пурқувваттарин тими минтақа мубориза бурданд.
Дар ин мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон голиби мусобиқот гардид. Дастаи мунтахаби кишвар бо роҳбарии мураббӣ Далер Қаёсов 4-вохӯрӣ гузаронида, дар ҳамаи рақобатҳо бар дастаҳои мунтахаби Туркманистон (9:0), Ӯзбекистон (4:0), Эрон (2:0) ва Афғонистон (6:0) пирӯзӣ ба даст оварда ғолиби мусобиқа гардид.
Барои ба даст овардани медали нуқра дар ин мусобиқа якбора се даста – Эрон, Ӯзбекистон ва Афғонистон 6-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аммо ба далели беҳтар будани фарқи тўбҳо медалҳои нуқра насиби ҷавонони Эрон ва медалҳои биринҷӣ насиби футболбозони Ӯзбекистон гардид.
Дар маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибону ҷоизадорони Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 14-сола Дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмаджанов иштирок доштанд.
Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи Fair Play насиби тими Тоҷикистон ва ҷоизаи вижа насиби тими Афғонистон гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтарини мусобиқаро ҳамлагари тими ҷавонони Тоҷикистон Муҳаммад Назриев (8-гол) ба даст овард. Ва Фирӯзҷон Шарифов арзишмандтарин бозингари Чемпионати CAFA-2022 дониста шуд.
Championship CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 14-сола
Даври 1-ум
Ӯзбекистон Туркманистон – 8:1
Эрон Афгонистон – 0:1
Даври 2-юм
Туркманистон Тоҷикистон- 0:9
Ӯзбекистон Эрон – 1:3
Даври 3-юм
Тољикистон Ӯзбекистон – 4:0
Афгонистон Туркманистон – 1:0
Даври 4-ум
Афғонистон Ӯзбекистон – 0:1
Эрон Тоҷикистон 0:2
Даври 5-ум
Тоҷикистон Афгонистон – 6:0
Туркманистон Эрон – 0:7