Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи хати оби нӯшокӣ барои 9 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа 1910 хонавода дар 6 маҳаллаи деҳоти Ғазантарак бо оби ошомидании тоза таъмин гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзии “ИФАД” бо харҷи 2 миллиону 860 ҳазор сомонӣ дар муддати як сол амалӣ гардидааст.
Солҳои пеш дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ яке аз мушкилоти сокинони деҳоти Ғазантарак ба ҳисоб мерафт. Бо кофтани ду чоҳи амудӣ ва хобонидани қубурҳои қутрашон аз 50 то 160 миллиметр ба дарозии 18 километр оби нӯшокӣ ба аҳолӣ дастрас карда шуд. Ин иқдоми неки Ҳукумати мамлакат мояи хушнудӣ ва сарфарозии сокинон гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки татбиқи лоиҳа дар деҳа аз тадбирҳои амалии Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии тоза буда, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва солимии аҳолӣ маҳсуб мешавад.
Дар назар аст, ки оянда дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич боз хати нави таъминоти оби нӯшокӣ ба истифода дода шуда, сокинони минтақаҳои дигари ин деҳот бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд.
Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани инфрасохтори деҳот, дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии тоза, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, хариди техникаҳои кишоварзӣ ва ташкили сехҳои коркарди меваву сабзавот мебошад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтани 38 адад чоҳи амудӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 22 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич 22 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Масоҳати заминҳои кишоварзии деҳот 11 ҳазору 200 гектар буда, бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат заминҳо оқилонаву самаранок истифода шуда, сатҳу зиндагии аҳолӣ сол аз сол беҳтар мегардад.