Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон муҳтарам Мишел Аун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ба амал омадани таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон, осеб дидани ҳазорҳо нафар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт.
Аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба Шумо ва тамоми сокинони кишвари дӯсти Лубнон изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ва ба зарардидагон шифои комил хоҳонам».