Оғози сафари кории Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср

6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим вориди шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Шарм-уш-Шайх Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Арабии Миср истиқбол гирифтанд.