Рӯзи 3-юми ноябр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур, маросими қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола баргузор гардид.
Дар натиҷа 29-даста ба 8-гурӯҳ тақсим карда шуд. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи “Е” бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг ва Ироқ рақобат мекунад. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 22 то 30 апрели соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони 8-гурӯҳи марҳилаи аввал ба даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни тимҳои духтаронаи U-17:
Гурӯҳи “А”: Тайланд (мизбон), Малайзия, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ, Индонезия.
Гурӯҳи “В”: Австралия, Тайбейи Чин, Муғулистон (мизбон), Бутан.
Гурӯҳи “С”: Ветнам (мизбон), Ӯзбекистон, Фаластин, Баҳрайн.
Гурӯҳи “D”: Бангладеш, Сингапур (мизбон), АМА, Туркманистон.
Гурӯҳи “Е”: Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг, Тоҷикистон (мизбон), Ироқ.
Гурӯҳи “F”: Мянмар, Ҳиндустон, Қирғизистон (мизбон).
Гурӯҳи “G”: Филиппин, Лубнон, Гуам (мизбон).
Гурӯҳи “Н”: Эрон, Урдун (мизбон), Непал.