Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муомилот баромадани пули сомонӣ дар биржаи Маскав, болоравии нархи тухми мурғ дар бозорҳои кишвар ва мушкилоти партовҳои пластикӣ аз мавзӯҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 2 ноябр гузориши муфассале аз сафари кории Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нашр кардааст.
Нашрия дар ин шумораи худ ҳамчунин ҳисоботи фаъолияи нуҳмоҳаи Палатаи ҳисоби Тоҷикистонро чоп кардааст, ки бар асоси гузориши ниҳоди мазкур дар ин муддат қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 210,4 миллион сомонӣ муайян намудааст ва ин дар қиёс ба соли гузашта 62,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
Валимат Мавлонзода, сардори раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб ба нашрияи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, хулосаю мактубҳои иттилоотӣ ирсол намуд, ки дар натиҷа 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, аз ҷумла 11 нафар, аз вазифаи ишғолнамудаашон озод шуданд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи рӯзи 1 ноябр мақолае бо номи “Партовҳои пластикӣ. Хунукназарии масъулон нигаронкунанда боқӣ мемонад” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки ҳудуди Тоҷикистон 80 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 372,725 гектарро ташкил медиҳад. Аз сӯи дигар алҳол дар кишвар 51 коргоҳи коркарди партов мавҷуд аст, ки аз он 19-тоаш барои коркарди партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ пешбинӣ шудааст
Ба хулосаи муаллиф ҳар сол ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон наздики 2 миллиону 700 ҳазор тонна метри мукааб партови сахти маишӣ ҳосил мешавад ва дар ин шароит зарур аст, ки вобаста ба коркарди дуюмбораи партовҳои пластикие, ки ҳоло дар партовгоҳҳо ҷамъ шудаанд, чораҳои қатъӣ андешем. Инчунин, бояд аз истеҳсол ва истифодаи маводҳои пластикӣ давра ба давра даст кашида, ба ҷои он истеҳсол ва истифода бурдани халтаҳои коғазинро, ки ба табиат зарари кам доранд, роҳандозӣ намоем, – таъкид кардааст муаллиф.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 ноябр хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Хазинаи қувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод ва Чашмасор — Лангар баррасӣ ва тасвиб шуд. Тибқи ин созишнома хазинаи мазкур барои омода кардани лоиҳаи зикршуда 800 ҳазор доллар кӯмаки бебозгашти молӣ ҷудо мекунад.
Таъкид мешавад, ки роҳи автомобилгарди Тугарак — Саричашма — Шӯрообод бо дарозии 48 км аз ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Ш. Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба осон гардидани рафтуомади сокинон, афзоиши ҳамлу нақли бор, рушди иқтисодиву иҷтимоии сокинони деҳаҳои пайвастшаванда ба роҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — ҚуЎлма, беҳтар гардидани инфрасохтори сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Дар баробари ин роҳи автомобилгарди Чашмасор — Лангар бо дарозии 8,5 км дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир мебошад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 2 ноябр дар сармақолаи худ зери унвони “Нархи тухм боло меравад, аммо масъулин ба замин менигаранд!” аз афзоиши якбораи қимати туғми мурғ дар бозорҳои кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки дар Душанбе нархи тухм якбора гарон шуда, нархи як қуттии тухм аз 45 сомонӣ ҳам гузашт. Дар ҳоле ки, ҳамагӣ чанде пеш нархи як қуттӣ тухм 35 сомонӣ арзиш дошт ва як дона тухм 1 сомонӣ буд, аммо айни замон дар фурӯшгоҳҳо донаи тухмро бо нархи 1 сомонию 50 дирам мефурӯшанд.
Ба таъкиди муаллиф вазъи имрӯзаи нархи тухми мурғ бозгӯи ҳол буда, ниҳоде нест, ки сабаби ин ҳолатро шарҳ диҳад, мурғ кам шудааст ё тухм ва содироту истеъмол зиёд шудаас? Аммо масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар ниҳодҳои марбута то кунун сабаби асосии болоравии тухми мурғро нагуфтаанд.
Ба хулосаи муаллиф дар танзими нархҳо дар бозор бояд аз таҷрибаи Беларус кор гирифт, ки Александр Лукашенко дар ҷаласаи блоки иқтисодии ҳукумати кишвараш дар пешорӯи якбора гарон шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, хитоб ба масъулин гуфт, ки агар пеши роҳи ин ҳамаро гирифта наметавонед, чаро курсиро банд мекунед?
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабари оғози фурӯши сомонӣ дар биржаи Маскавро таваҷҷӯҳ карда, суди онро барои иқтисоди Тоҷикистон аз назари коршиносон баррасӣ кардааст.
Муаллиф менависад, ки роҳандозии ин иқдом рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо пулҳои миллӣ байни Русия ва Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Яъне савдои биржавии ҷуфти сомонӣ – рубл имкониятҳои табдили мустақими пулро барои бонкҳо, брокерҳо ва муштариёни онҳо васеъ мекунад ва ин ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии берунӣ низ дахл дорад.
Дар ин росто муаллиф ёдовар шудааст, ки чанде пеш Дмитрий Волвач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия, гуфт, ки гузариш ба пули миллӣ барои афзоиши гардиши мол миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон зарур аст. Волвач тавзеҳ дод, ки ҳоло миёни Маскав ва Душанбе 57%-и ҳисоббаробаркуниҳо дар доду гирифти мол бо асъори миллӣ анҷом дода мешавад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 3 ноябр дар матлабе зикр кардаст, ки даромади Тоҷикистон дар соли 2022 аз содироти нахи пахта афзоиш ёфтааст. Зикр мешавад, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз кишвар 68 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 189 миллион сомонӣ содирот шудааст ва ин нисбат ба соли гузашта 54 миллион доллар зиёд аст. Ҳамзамон муаллиф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки даромади асосӣ аз фурӯши нахи пахта ба ҷайби миёнравон, корхонаҳои коркарди пахта ва содиркунандагон ворид шуда, ба деҳқон бошад танҳо ғӯзапоя мерасад.
Як нафар аз деҳқонон ба нашрия гуфтааст, ки ҳосили пахтаро ширкатҳо бо нархи 7 сомонӣ барои 1 кг мехаранд, дар ҳоле ки деҳқон барои ба даст овардани 1 кг пахта наздики 14 сомонӣ хароҷот мекунад. Хулосаи матлаб ин аст, ки агар нархи хариди пахта аз деҳқонон 12 то 14 сомонӣ нашавад, аксари хоҷагиҳои деҳқонии пахтапарвар муфлис хоҳанд шуд.
Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии “Пайк” чопи Кӯлоб, дар матлабе савол гузоштааст, ки ба истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе чӣ намерасад?
Ба навиштаи муаллиф дар пойтахти кишвар 143 истгоҳи муосир сохта ба истифода дода шуда, тибқи лоиҳа онҳо бояд бо таблоҳои электронии пешниҳоди маълумот дар мавриди рақами хатсайрҳо ва вақти расидани нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизонида мешуданд. Аммо бо гузашти панҷ сол то ҳол дар истгоҳҳои Душанбе таблоҳои электронии пешниҳоди маълумоти зарурӣ ба мусофирон насб нашудаанд.
Аз сӯи дигар ба навиштаи муаллиф дар истгоҳҳои муосири пойтахт телефонҳои собити шаҳрӣ насб шудаанд, вале мардум аз онҳо истифода бурда наметавонанд, зеро барои занг задан аз ин телефонҳо корти махсус лозим аст.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,
радиои “Тоҷикистон”