Баррасии имкониятҳои иқтисодии занон ва пешниҳоди рақамии маҳсулот

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори “Кадбону”, мизи мудаввар таҳти унвони “Вусъат додани имкониятҳои иқтисодии занони Тоҷикистон тавассути пешниҳоди маҳсулоти ҳамаҷонибаи рақамӣ барои идоракунии соҳибкории хурди ошпазӣ ва қаннодӣ”, дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳии Дилрабо Ашурова, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Заррина Абдулмаинзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Қайд карда шуд, ки бо дастгирии бевосита ва таваҷҷӯҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар барои занони соҳибкор шароити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шуда, саҳми занону бонувони кишвар дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар минбаъд низ дастгирӣ ёфта, дар ин самт тадбриҳои иловагӣ андешида хоҳад шуд.

Дар чорабинии мазкур занони соҳибкор, намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагони бонкҳо, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор ва васоити ахбори омма, инчунин меҳмонон аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори “Кадбону” дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи “Кузин”-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо дастгирии Фонди “Кока-Кола” лоиҳаи “Дастгирии занони Тоҷикистон дар худмашғулӣ бо ёрии технологияи рақамӣ”- ро татбиқ менамояд.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур тавонмандсозии хонаводаҳо, бахусус хонаводаҳое, ки занон сарварӣ мекунанд, тавассути пешниҳоди маҳсулоти ҳамаҷонибаи рақамӣ барои тиҷорати хурди ошпазӣ ва
қаннодӣ буда, 300 нафар занонро бо омӯзиши касби ошпазӣ ва қаннодӣ, инчунин омӯзиши рақамӣ барои занони ширкаткунанда ва ташкили курсҳои омӯзишии электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои муколамаи байни соҳибкорзанони мамлакат вобаста ба масъалаҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани маърифати пешбурди соҳибкорӣ, дастрасӣ ба дониш ва таҷрибаи байналмилалӣ бо имкониятҳои васеъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Самандарзода Парвина

радиои “Тоҷикистон”