Шоми дирӯз дар кинотеатри “Ватан” филми ҳунарии коргардони шинохтаи тоҷик, Муҳиддини Музаффар бо номи “Дов” бори аввал дар Душанебе намоиш дода шуд, ки дар он ҳама алоқамандони санъати синамо ҷамъ омаданд.
Дар оғози маросими бошукӯҳ, нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” ҳама ҳунармандон ва офарандагони филм аз рӯи роҳрави сурх гузашта, дохили толор шуданд.
Пеш аз намоиши филм директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён суханронӣ намуда, қайд кард ки “Кино ҳамчун ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии мо барои ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз дорад ва филми “Дов” дар доираи барномаи давлатии “Рушди синамо барои солҳои 2018-2022 рӯи навор омадааст.
Ҳамчунин дар ин нахустнамоиш Сафар Ҳақдодов сардори Иттифоқи киноматаграфистони Тоҷикистон низ баромад намуда, иброз дошт, ки филми мазкур бори аввал 17-10-2022 дар хонаи кинои шаҳри Москав намоиш дода шуд, ки ин гуна муваффақият на ба ҳар кас муяссар мешавад.
Коргардон ва таҳиягар филми “Дов” Муҳиддин Музаффар ҳам дар нахустнамоиш баромад карда, ба ҳамаи нафароне дар сохтани филм саҳм гузоштанд, миннатдорӣ баён кард.
Ҳамчунин дар доираи ин маросим аз ҷониби директори МД “Тоҷикфилм_ ҳунарманди забардаст Исфандиёр Ғуломов ва коргардон Муҳиддини Музаффар нишони “Аълочии киноматаграфияи тоҷик” дода шуд. Зимнан ба дигар ҳунармандоне, ки дар филм нақш офаридан “Синоснома”- и МД “Тоҷикфилм” тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки Муҳиддини Музаффар яке аз коргардонҳое мебошад, ки пайваста баҳри муаррифӣ кардани синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва рушди синамои касбии миллӣ талош мекунад ва филми нави ӯ “Дов” бо заҳмату талошҳои зиёде рӯи навор омада, инъикосгари ҳаёти ду нафар дӯстони ба ҳам содиқ мебошад, ки дар солҳои 1993 – юм зиндагӣ кардаанд. Воқеаҳои филм шоҳкорона ва воқеӣ наворбардорӣ шуда, эҳсосот ва рафтори қаҳрамонҳо табиӣ ба назар мерасад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”