Дастаҳои “Соро компания” ва “Истиқлол” дар финали Суперлигаи Тоҷикистон 2022 бо ҳам рақобат мекунанд

Бозиҳои даври дуюми марҳилаи ниманиҳоии Суперлигаи Тоҷикистон 2022 оид ба футзал баргузор гардид. Дар натиҷа ду дастаи беҳтарини Суперлигаи Тоҷикистон 2022 – “Соро компания” ва “Истиқлол” дар рақобати ниҳоӣ барои ба даст овардани медали тилло мубориза мебаранд.

Дар рақобати даври 1/2 ниҳоӣ дастаи “Соро компания” бар тими “Сипар” дар ду бозӣ бо натиҷаи якхелаи 5:2 пирӯзӣ ба даст овард. Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби (11:2 ва 7:6) ғолиб гардид.

Акнун дар рақобати ниҳоӣ дастаҳои “Соро компания” ва “Истиқлол” ва барои ба даст овардани медалҳои биринҷӣ “Сипар” ва “Истаравшан” рақобат мекунанд.