Сел дар Шамсиддин Шоҳин 5 симчӯбро чаппа намудааст

Акс аз КҲФ

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тахминан соати 23:10 дақиқаи рӯзи 25-уми октябри соли равон, дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи мазкур дар натиҷаи бориши шадиди борон сел омад ва  5 адад симчуби қувваи барқро чаппа кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ сангреза ва дар километри 234-237-уми роҳи мазкур ярч муваққатан роҳро баст.

Гуфта мешавад, ки муддате пас бо талоши ҳукумати маҳал роҳ аз селоварду ярч пок шуд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардид. Ҳоло роҳ боз аст. Аммо корҳои бартарафсозии пурраи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз техникаи муҳандисии хадамоти роҳи минтақа идома доранд.