Як корманди Вазорати нақлиётро ронандаи “Камаз” барқасдона пахш кардааст

Вазорати нақлиёт аз барқасдона пахш шудани як корманди Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт хабар аз тарафи ронандаи автомобили боркаш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Юсуфзода Иброҳим корманди Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Ҳисор ҳангоми адои вазифаи хидматӣ зери чархи мошини боркаш монда, ҷароҳати сахти ҷисмонӣ  бардоштааст. Ин ҳодиса 20 – уми октябри соли 2022 дар ҷамоати Султонободи ноҳияи Рудакӣ рух додааст. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида навбатдорӣ дар нуқати баркашии мавзеи Султонобод кормандони Раёсати ХДНТ – и минтақаи Ҳисор Юсуфзода Иброҳим ва Холов Шуҳрат, инчунин 2 нафар эксперти филиали КВД «МСКХСН» дар минтақаи Ҳисор навбатдорӣ доштанд.

Манбаъ меафзояд ҳодиса замоне руйдод, ки соати 11 – 12 – и рӯз мошини «Камаз», (рақами давлатиаш 42 – 98 ВК03), ки    таҳти идораи ронанда Раҷабзода Илҳом Раҷаббек, сокини ноҳияи Ёвон қарор дошт аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон равон буд. Ронанда ба ишораи корманди ХДНТ дар соҳаи нақлиёт итоҳат накарда, Юсуфзода Иброҳимро пахш намуда гузашт ва баъди 15 – 20 метр истод. Юсуфзодаро ҳамкоронаш фавран ба беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ оварда, пас аз расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, беморро ба беморхонаи маҳаллаи Медгородок бурданд. Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ табибон  қарор карданд, ки  ҷарроҳӣ ягона роҳи наҷоти бемор аст. Сипас, як пои Юсуфзода Иброҳим аз қисмати зону то поин бурида шуда, устухони пои дигараш кафидааст. Вазъи саломатии бемор вазнин аст.

АРонанда ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбати ӯ чораҷӯӣ идома дорад.