Акс аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд
Шаҳри Бӯстон яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи босифати даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намудааст.
Дар ин бора, Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дода, менависад, кӣ маҳз амалӣ гардонидани тадбирҳои судманд ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, то нашқаи даъват дар ин шаҳр иҷро шавад.
Гуфта мешадад, ки Фаъолияти дастаҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба курси кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” низ ба иҷрои саривақтиву босифати нақшаи даъвати тирамоҳӣ мусоидат намуд.