Тими занонаи навраси Ӯзбекистон (U-15) ғолиби Чемпионати CAFA-2022 гардид

Рӯзи 25-октябр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор мусобиқаи сеюми қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони занонаи то 15-сола ба анҷом расид.

Дар даври ниҳоии мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон дар муборизаи баробар аз тими Эрон бо ҳисоби минималии 0:1 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, тимҳои наврасони Ӯзбекистон ва Эрон 4-имтиёзӣ ба даст оварданд, вале футболбозони ӯзбек бо далели беҳтар будани фарқияти тӯбҳо аз ҳамсолони эронии худ пеш гузаштанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҷойи сеюмро соҳиб шуд

Дар маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибону ҷоизадорони чемпионати CAFA-2022 дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов ширкат намуданд.

Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи “Fair Play” насиби тими миллии Тоҷикистон гардид. Беҳтарин нишонзани мусобиқа ҳамлагари тими миллии Ӯзбекистон Меҳрибон Эгамбердиева (4-гол) дониста шуд. Сарвони тими мунтахаби Ӯзбекистон Асалхон Аминҷонова фоидаовартарин бозингари чемпионат дониста гардид.

Championship CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 15-сола
Даври 1-ум
Ӯзбекистон Тоҷикистон – 6:0
Даври 2-юм
Эрон Ӯзбекистон — 2:2
Даври 3-юм
Тоҷикистон Эрон — 0:1