Дар се боғча 2,5 млн сомонӣ тасарруф шудааст

Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар асоси Нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ барои солҳои 2021-2022 филиали БДА Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун мавриди санҷиши молиявӣ қарор дода шудааст.

Гуфта мешавад, зимни санҷишҳои мутақобила дар Муассисаҳои боғчаи бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян карда шуд, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнати кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тасарруф карда шудааст.

Ба маълумоти манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.