Кумаки тиббии ройгон ба табақаҳои осебпазир ва шахсони дорои қобилияташон маҳдуд дар Балҷувон, Ховалинг ва Муъминобод 

Акс аз Вазорати тандурустӣ тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

«Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасон ва муоинаи беморон” ба ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, ва Муъминобод сафар кардааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади гузаронидани “Корвони хизматрасонии тавонбахши тақсимоти воситаҳои ёрирасон”,  гурӯҳи кории кормандони Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» -и шаҳри Душанбе, масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон, аз ҷумла ба  Балҷувон, Ховалинг, ва Муъминобод сафари кориро оғоз намуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ бо ҷалби бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаҳои кумаки аввалияи тибби санитарӣ, комиссияҳои машваратии ташхиси тиббӣ ва доираи васеъи шахсони дорои қобилияти мадуддошта семинар – машварат доир гашта ва барои маъюбони ин минтақаҳо дар умум ба миқдори 342 адад воситаҳои офиятбахшӣ дастрас гардонида шудааст.