“Садои мардум”: – Барои бунёди иншооти нав вилояти Бадахшон ба нерӯи корӣ ниёз дорад (Шарҳи матбуот)

Бозтоби баргузории Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияи сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм» дар Душанбе, вокунишҳо ба пешниҳоди ҷойгир кардани нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, роҳҳои рушди тафаккури миллӣ дар ҷавонон ва даҳ соли футболи тоҷик таҳти раҳбарии Рустами Эмомалӣ аз мавзӯҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали рӯзи  19 октябр зери сарлавҳаи «Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ аст» суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияи сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм», инчунин хабару гузоришҳоро зери унвони  «Мулоқоти Сарвари давлат бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ», «Норак. Фардо аз имрӯз ҳам шукуфонтар мешавад» нашр намудааст.

“Ҷумҳурият” дар ин шумораи хеш ҳамчунин мақолае бо номи «Шоҳроҳи бузурги абрешим. Марҳилаи нави рушд» чоп карда, дар он муаллиф аҳамияти иқтисодӣ ва сайёҳии ин шоҳроҳро таҳлилу баррасӣ намудааст. Муаллиф дар ин замина навиштааст, ки зарфиятҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, пиряхҳо ва кӯлҳо, табиати дастнорасида, зебоиҳои қаторкӯҳҳои Помиру Олой ва Тён Шон барои рушди сайёҳии таърихӣ фарҳангӣ, экологӣ, варзишӣ ва саргузаштӣ дар минтақа дурнамои фарохро во мекунад.

Дар идомаи мақола зикр мешавад, ки тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ танҳо дар нимсолаи аввали соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 363 ҳазор сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 баробар зиёд мебошад. Инчунин даромад аз хизматрасониҳои сайёҳӣ зиёд  шуда, ба  беш аз 126 миллион сомонӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 расидааст.  Ба хулосаи муаллиф айни замон боздид аз хатсайри Шоҳроҳи абрешими Осиёи Марказӣ, ки яке аз занҷираҳои муҳим маҳсуб меёбад, дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ қарор дорад ва аз ин рӯ бояд ҷиҳати рушди зерсохтори сайёҳӣ дар кишвар тадбирҳои муассир амалӣ шавад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақолае таҳти унвони «Ҷомеа. Ҷавонон ва рушди тафаккури миллӣ»  чоп карда менависад, боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди таъмини шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумату давлат ҷиҳати беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонон,  ҳанӯз ҳам бархе аз ҷавонони мо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву тундрав, ҳизбу ҳаракатҳои манфиатхоҳ ва берун аз доираи суннатҳои исломӣ шомил мешаванд. Ба андешаи муаллиф, дар зеҳни насли ҷавон бедор кардани тафаккури миллӣ ва ангеза бахшидан ба нерӯи худшиносии онҳо кори якрӯза ва чандрӯза низ наметавонад бошад. Ин масъулияти таърихӣ ва ҳамешагии мо бояд пазируфта шавад.

Муаллиф дар ин замина таъкид мекунад, ки омӯхтани рӯзгор ва корномаҳои қаҳрамонҳои миллии кишвар, чун Деваштич, Шерак, Спитамен, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигар фарзандони ватандӯсти асили тоҷик дар ташаккулу тафаккури миллии насли ҷавон таъсири хуб хоҳад гузошт.  

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» низ дар шумораи рӯзи 19 октябр дар саҳифаи аввали худ оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияи сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм»-ро, ки  18-19 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, нашр намудааст. Инчунин дар саҳифаи рӯзнома хабари  ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат ва Паёми шодбошии Сарвари давлат  ба муносибати ҷашни Меҳргон чоп шудааст.

“Садои мардум” ҳамчунин дар шумораи рӯзи 19 октябр аз натиҷаи  Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ хабари муфассал нашр карда, навиштааст, ки барои бунёди иншооти нав дар вилоят нерӯи корӣ лозим аст.  Инчунин дар рафти иҷлосияи мазкур вобаста ба масъалаи омодагӣ ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии вилоят Баракатшо Зеваршоев гузориш додааст, ки  тибқи нақша, дар қаламрави вилоят то соли 2026 41 муассисаи тандурустӣ, 12 муассисаи фарҳангӣ, 85 муассисаи соҳаи маориф ва 79 корхонаи истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Нашрияи “Садои мардум” ҳамчунин дар ин шумораи хеш бо нашри матлабе хабар додааст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон»  30 нафар омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Дӯстӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гаштанд.  Бино ба маълумоти мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода, ҳуҷҷатҳои замин аз ҷониби раиси ноҳия Нишонзода Даврон дар чорабинии тантанавӣ ба омӯзгорони ҷавон супорида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ қабл рӯзномаи «Садои мардум»  мақолае бо номи «Чаро омӯзгорони ҷавон аз имтиёз маҳруманд?» чоп карда,  перомуни зиндагии яке аз омӯзгорони ҷавони ноҳия Ҷумагул Саидова, ки аз соли 2014 то инҷониб барои дарёфти қитъаи замини наздиҳавлигӣ талош дорад, матлабе нашр карда буд.  Хушбахтона, Ҷумагул Саидова низ дар қатори дигар омӯзгорон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гаштааст, – хабар медиҳад нашрия.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 19 октябр дар сармақолаи худ таҳти унвони “Рустами Эмомалӣ ва футболи тоҷик. Аз рукуд то ислоҳот дар 10 соли роҳбарии ӯ” бурду бохти футболи тоҷикро тайи даҳ соли охир баррасӣ кардааст. Ба таъкиди муаллиф даҳсолаи нави таърихи футболи тоҷик навгониҳои зиёди хушбинкунандаро ба бор овард. Ислоҳоти футболи тоҷик дар солҳои охир нишон медиҳад, ки футболи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ дигаргуниҳои равшану намоёнро паси сар карда, ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст.

Муаллиф дар идома менависад, ки Раҳбарияти нави ФФТ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ тамоми низоми футболи наврасонро тағйир дод. Пеш аз ҳама, низоми муътадили мусобиқаҳо ба вуҷуд оварда шуд, Лигаи кӯдакону наврасон созмон дода шуд, мактабҳо ва академияҳо ба фаъолият шуруъ карданд. Ба хулосаи муаллиф футбол танҳо бозӣ нест, ин пеш аз ҳама як мактаби хуби тарбияи ҷавонон, бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, имкони пайдо кардани мавқеи худ дар зиндагӣ, яъне лоиҳаи бузурги иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва иқтисодӣ аст ва аз ин рӯ мо бояд аз он бо тамоми нерӯ ва восита ҳимоят кунем.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре  номаи сокинони деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшанро чоп кардааст, ки дар он мардум аз беобӣ шикоят доранд. Дар ин матлаб таъкид мегардад, ки сокинони деҳаи Қалъаи Баланд чор моҳ боз як қатра об надоранд, вале масъулини шаҳри Истаравшанро парвое нест. Дар ҳоле ки деҳаи мазкур 2 мактаб,  2 беморхона ва беш аз даҳ ҳазор аҳолӣ дорад.  Ба навиштаи сокинон тарҳи обёрии деҳаи Қалъаи Баланд, ки аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ шуда буд, аз ҷониби паймонкор дар нимароҳ гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ қатъ шудаанд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 20 октябр мақолаи таҳлилие дар мавриди пешниҳоди мустақар кардани нерӯҳои сулҳпарвари СААД дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, нашр кардааст. Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён дар ин замина гуфтааст, ки барои ҳалли қазияи мазкур пеш аз ҳама иродаи сиёсӣ ва иҷрои тавофуқоти имзошуда аз сӯи Бишкек зарур буда, пеш овардани шартҳои нав ба нав вазъиятро метавонад боз печидатар кунад.

Аз сӯи дигар генерал Нуралишо Назаров собиқ муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба нашрия гуфтааст, ки ҳеҷ зарурате барои ҷойгир кардани нерӯҳои посдори сулҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд надорад, зеро ҷалби ҷониби сеюм дар баҳсҳои марзӣ бархӯрди манфиатҳоро ба бор хоҳад овард. 

Генерал Назаров, ки солҳои 2000-ум узви Комиссияи давлатии таъин ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон будааст, мегӯяд, ки тибқи харитаҳои маҳфуз дар Маскав ҷониби Душанбе исбот кард, ки Бишкек наздики 78 ҳазор гектар заминҳои Тоҷикистонро ба иҷро гирифта баъдан бо гузашти солҳо ин заминҳоро аз худ кардааст.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ

радиои “Тоҷикистон”