ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон

Фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо эътирофи муҳиммияти ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, риояи принсипи ҳифзи ҳусни неки ҳамҷаворӣ дар чунин давраи барои ҳарду давлат душвор ваколатдоранд изҳор намоянд, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мӯътадил арзёбӣ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд.

Бо мақсади риоя ва таҳкими тавофуқоти ҳосилшуда ҷиҳати пешгирӣ аз иғвои эҳтимолӣ дар хатти сарҳад 21 октябри соли 2022 мулоқоти роҳбарони идораҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев баргузор гардид.

Роҳбарони ниҳодҳои марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон зарурати таҳкими саривақтӣ ҷиҳати коҳиш додани шиддатнокии вазъият дар сарҳад, риояи қатъии тартиби рафтори марзбонони ду кишварро таъкид карданд.

Пайравии ҳатмӣ ба принсипҳои эҳтироми ҳамдигарӣ, ҳамзистии мусолиматомез, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамрайъӣ дар масъалаҳои якпорчагии қаламрав ва дахлнопазирии сарҳадҳо бори дигар тасдиқ карда шуд. Ҷонибҳо ба фаъолияти комиссияи байнидавлатӣ дар самти пешгирии ҳодисаҳо баҳои холисона дода, ба ҳалли осоиштаи мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҷиҳати амалӣ ва таҳкими созишномаҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯриҳои мунтазами гурӯҳҳои кории муштаракро, ки баҳри ба эътидол даровардани вазъ дар марз фаъолона иштирок мекунанд, баргузор намоянд.

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор менамоянд, ки қарор оид ба масъалаи муайян кардани сарҳади давлатӣ салоҳияти комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад мебошад, ки он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъйид карда шудааст.

Дар робита ба ин, роҳбарони ниҳодҳои марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз васоити ахбори омма, инчунин шахсони бесалоҳият даъват мекунанд, ки аз ҳар гуна шарҳу эзоҳ ба таври қатъӣ худдорӣ кунанд ва ба паҳншавии изҳорот ва тафсири ҳодисаҳое, ки метавонанд боиси тезутунд шудани муноқиша, барангехтани кинаю адоват дар байни халқҳои мо шаванд, роҳ надиҳанд.

Ҷонибҳо ҳама гуна изҳороти бемувофиқаро кӯшиши ноором кардани вазъ дар марзи ду кишвар арзёбӣ мекунанд.

Муовини якуми
Раис-Фармондеҳии
Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии
амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-полковник
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Муовини якуми
Раис-Директори
Хадамоти сарҳадии
Кумитаи давлатии
амнияти миллии
Ҷумҳурии Қирғизистон
генерал-майор
У.З.Шаршее