Рақибони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam-2022”, ки рӯзҳои 21-юм ва 23-юми октябр дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, муайян гардиданд.
Тавре, ки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар дод, дар ин мусобиқа, ки бори 7-ум ҳамчун “Grand Slam” баргузор мешавад, иштироки 414-варзишгар (239-мард ва 175-зан) аз 65-кишвари ҷаҳон дар назар аст. Рақобатҳо аз рӯи 14-вазн (7-вазн миени мардон ва 7-вазн миёни бонувон) сурат мегирад.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистонро 10-варзишгар (8-мард ва 2-зан) ташкил медиҳад. Дар мусобиқа миёни мардон Муслимбек Каримов дар вазни (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни -90кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни -100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ширкат меварзанд.
Миёни бонувон бошад дар ин мусобиқа ду нафар – Шоҳида Қаландарова (-57кг) ва Мавлуда Одинаева (-63кг) Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ рақибони паҳлавонони тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam-2022” маълум гардиданд.
Миёни мардон:
Муслимбек Каримов (-60 кг) дар даври аввал озод буда, рақобатро дар даври дуюм муқобили Аҳмад Ал Нақбӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб оғоз мекунад.
Паҳлавони дигари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров (-66кг) низ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Мунис Ҳавсавӣ (Арабистони Саудӣ) / Шуген Накано (Филиппин) рақобат менамояд.
Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг) низ рақобатро аз даври дуюм муқобили Ҷек Ёнезука (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) анҷом медиҳад.
Шодмон Ризоев (-81кг) дар даври дуюм бо Муҳаммад Ал Ҳаҷрӣ (Арабистони Саудӣ) нерӯсанҷӣ хоҳад кард.
Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) дар даври аввал бо Ҳаррисон Кассар (Австралия) рӯ ба рӯ мешавад.
Комроншоҳи Устопириён (-90кг) рақобатро дар даври аввал бо Карел Фоуберт (Белгия) оғоз мекунад.
Абубакри Акобир (-100кг) рақобатро аз даври дуюм бо Симеон Катарина (Нидерланд) доир менамояд.
Темур Раҳимов (+100кг) дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Бекмурод Олтибоев (Ӯзбекистон) / Мустафо Форана (Гвинея) дидор анҷом медиҳад.
Миёни бонувон:
Шоҳида Қаландарова (-57кг) дар даври аввал муқобили Вероника Тониоло (Италия) нерӯсанҷӣ мекунад.
Мавлуда Одинаева (-63кг) бошад дар даври аввал бо Амина Белкадӣ (Алҷазоир) рақобатро оғоз мекунад.