20 октябри соли 2022 кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон ҷасади як сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекатро пайдо карданд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар дода, тафсилот медиҳад, ки ин ҷавон рӯзи якшанбе, 16-уми октябри соли равон дар натиҷаи як садами мудҳиш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нопадид шуда буд. Ҷасади ӯро 15 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар рӯди Фон пайдо карданд.
Ба иттилои манбаъ, 16-уми октябри соли ҷорӣ бар асари садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки дар наздикии шаҳраки Зарафшон ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дода буд ва аз бенишон шудани як мусофири он хабар дода мешуд.
Мошини тамғаи “Opel Astra”, ки аз ҷониби сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Панҷекат ба самти пойтахти кишвар ба дарёи Фон сарозер шуда буд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса як мусофири мошин ва ронандаи он ва сокини ҷамоати Шинг дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар, ки яке 63 сол дошт ва дуюмӣ 22 сола буд, бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади ҳалокшудагон ва захмиёнро аз об берун оварданд. Ҷустуҷӯи шахси нопадидшуда идома дошт.