Акс аз Вазорати фарҳанг
Рӯзи 21 октябри соли равон вохӯрии Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мд Заҳангир Алам, ки қароргоҳаш дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, баргузор гардид.
Дар ин бора сомонаи Вазорати фарҳанг хабар дода, менависад, ки миёни ҷонибҳо гуфтугӯи самимию дӯстона сурат гирифта, ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, аз ҷумла санъату мусиқӣ, ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо вобаста ба баргузории як қатор барномаҳои ҳунарӣ, боздид аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҳар ду кишвар гуфтугӯ намуданд.