Баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре Вазорати корҳои хориҷиии кишвар хабар медиҳад, ҳолати кунунии робитаҳои ҳасанаи дуҷониба ва таҳкими  ҳарчи бештари ҳамкориҳои баъдӣ  миёни Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, амният ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайн дар меҳвари ин гуфтугӯ қарор доштанд.

Гуфта мешавад, ки Имомудин Сатторов таваҷҷуҳи дипломати олмониро ба равандҳои минтақавӣ, минҷумла таниши ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷалб карда, дар ин хусус таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буда ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

Манбаъ афзуд, ҳамчунин дар атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.