Гурӯҳи меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки рӯзҳои 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид, ба минтақаҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе Ҳисор ва Роғун сафар карданд.
Тавре хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Раҳматуллои Одина аз шаҳри Роғун иттилоъ медиҳад, дар ин шаҳр, ки сохтмони бузургтарин нерӯгоҳ идома дорад, меҳмононро хуш қабул намуданд. Бархе аз ширкаткунандагон дар суҳбат гуфтанд маротибаи аввал аст, ки ба ин минтақаи зебои Тољикистон омаданд ва манзараҳои зебову муҳити хушбоду ҳавои Роғун ва меҳмоннавозӣ онҳоро мафтун кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ба хотири конфронси раванди Душанбе аз 59 давлати дунё зиёда аз 720 нафар масъулон, таҳлилгарон ва намояндагони ВАО ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Аз ин ҳайат ҳудуди 50 тан аз меҳмонону рӯзноманигорон ба Роғун сафар карданд.