Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии «Abu Dhabi Grand Slam 2022» ширкат менамоянд

Аз  21 то  23 октябр  дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб  мусобиқаи Тоскулоҳи бузург («Abu Dhabi Grand Slam  2022»)  оид ба гӯштини дзюдо баргузор мешавад. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) миёни 430 варзишгар  аз 66  кишвари ҷаҳон доир мешаванд. Тоҷикистонро дар  ин мусобиқаи   сатҳи баланд  11  нафар  варзишгарони  шинохта  намояндагӣ мекунад: Шоҳида Қаландарова  дар вазни  то 57 кг, Мавлуда Одинаева  дар вазни  то  63 кг,  Муслимбек Каримов  дар  вазни  то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров  дар вазни  то  66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов  дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев  дар  вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ҳамроҳ бо Комроншоҳи Устопириён  дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир  бо  Эмомризо Анварзода дар вазни то  100кг  ва ниҳоят  паҳлавони   маъруфи меҳан  Темур Раҳимов дар вазни +100кг  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ мекунанд.

Манбаъ афзуд, ғолибони мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Варзишгароне, ки соҳиби медали тилло мегарданд, 1000 имтиёз, медали нуқра- 700 имтиёз ва медали  биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин дзюдочиёне, ки мавқеи 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, соҳиби  360 ва 260-имтиёзӣ мегарданд.