Станислав Зас: Мо аз аз қабули Эъломияи Душанбе истиқбол мекунем

«Мо аз қабули Эъломияи Душанбе дар паи Конфронси ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти сарҳадӣ ва идоракунии марз бо мақсади мубориза бо терроризм ва пешгирии ҳаракати террористон истиқбол мекунем», – Ин нуктаро Дабири кулли СПАД Станислав Зас зимни суханронии хеш дар Конфронси зиддитеррористии Душанбе баён дошт. 

Вай қайд кард, ки СПАД ташаббусҳои байналмилалиро дар таҳкими амнияти сарҳадӣ ҷиҳати мубориза бо терроризм тавассути ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ тавассути марзҳо фаъолона дастгирӣ мекунад.

Ба таъкиди Станислав Станислав Зас муттаҳид кардани талошҳо дар таъмини амнияти дастаҷамъӣ вазифаи аввалиндараҷаи СПАД мебошад.  «Бо истифода аз фурсат, мехоҳам қайд намоям, ки барои муқовимат ба таҳдидҳои террористӣ СПАД низоми амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла тадбирҳо ва механизмҳои ҳарбиро ташаккул ва такмил медиҳад.

Дар ҷараёни тамринот ва амалиёти муштарак омодагии Нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареъ ва сохторҳои вижаи кишварҳои узви ин созмон барои амалҳои пешбинишуда равона карда мешавад”, – гуфт дабири кулли СПАД.

Баҳруллои М.