Рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад” ҷараён дорад.
Имрӯз иштиркчиёни ҳамоиш дар мавзӯъи “Истифодаи меъёрҳои ахлоқ дар ҳифзи сарҳадот” ва “Пешгирӣ ва мубориза ба тероризм ва ифротгароии хушунатомез дар Осиёи марказӣ – дар мисоли даъвати бисёрсолаи СММ ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм” суханронӣ намуда истодаанд. Дар конфронс муовини якуми котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Арипов, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Хонум Сезин Синаноглу, Ҳамоҳангсози барномаи муҳоҷират ва назорати сарҳадии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Иванка Спадина ва ҳамзамон намояндагони як қатор созмону ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок ва маъруза намуданд.
Иштирокчиён атрофи тамоюлҳои кунунии муомилоти ғайриқонунии аслиҳа, маводи ҳастаӣ, ва иртиботи эҳтимолии онҳо бо созмонҳои террористӣ ҳарф зада, хостори таҳияи барномаву стратегияҳоие, ки ба назорати сарҳадӣ нигаронида шудааст, гардиданд. Ҳамчунин баромадкунандагон стратегияҳои ҳамаҷониба ва муттаҳидшудаи миллӣ барои таъмин намудани муносибати самарабахш дар асоси волоияти конун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ба муқобили терроризм дар соҳаи амният ва назорати сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Айни ҳол қисмати дигари конфронс дар мавзӯъи “Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи амният ва мудирияти сарҳад дар заминаи муқовимат ба тероризм: тадбирҳои навоварона ва минбаъда” баргузор гардида истодааст ва аз ҷараёни он дар нашрҳои минбаъадаи барнома ба шумо маълумоти муфассал хоҳем дод.
Ёдовар мешавем, ки ин 3-умин конфронси зиддитероистӣ аст, ки бо иштироки намояндагони даҳҳо кишвари ҷаҳон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Баҳруллои М.