Намоиши филми тоҷикии «Дов» дар Маскав

Дар дар Хонаи синамогарони шаҳри Москва ба ифтихори Рӯзҳои  фарҳанги Тоҷикистон дар Русия филми ҳунарии “Дов”-и коргардон Муҳиддини Музаффар ба намоиш гузошта шуд.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, намоиши мазкур ба муносибати 93-юмин солгарди синамои тоҷик бо ташаббуси “Суғдсинамо” ва “Тоҷикфилм” ва бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Иттифоқи синамогарони Русия сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар чорабинӣ намояндагони санъату фарҳанг, расонаҳо, инчунин донишҷӯён ва дӯстдорони синамо ширкат варзиданд.

Манбаъ афзудааст, ки қабл аз оғози намоиш гурӯҳи эҷодии филм ба  намояндагони расонаҳо доир ба  мазмуну моҳият ва ҳадаф аз таҳияи филми мазкур маълумот доданд.