Аз 27 то 30 октябр дар Кохи Борбад намоиш-фурӯши байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» сурат мегирад.
Тавре Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар медиҳад, дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Олмон, Покистон, Эрон ва Туркия молҳои худро ба намоиш мегузоранд.
Ҳамзамон ин ниҳод аз ширкатҳои тавлидгари мол ва хидматрасони кишвар хоҳиш намудааст, ки барои муаррифии молу маҳсулоти худ дар ин намоишгоҳ ширкат варзанд.