Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба муносибати ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2022 дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо номинатсияи навозандагӣ ва дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ номинатсияҳои сарояндагӣ ва композиторӣ оғоз меёбад, омадааст дар хабари сомонаи Вазорати фарҳанг.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии озмун 316 нафар довталабон аз тамоми манотиқи кишвар роҳхат гирифтаанд.
Маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмун 28 октябри соли 2022 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.